Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид


То 1 октябри 2026 кишоварзони вилояти Суғд ба маблағи 21 миллиарду 51.7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 109.6 фоиз зиёд аст.
То 1 октябри 2026 кишоварзони вилояти Суғд ба маблағи 21 миллиарду 51.7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 109.6 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ афзоиши назаррас ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла истеҳсоли гӯшт ва шир ва бунёди боғҳои нав бештар шудааст.
Тибқи маълумоти хабаршуда, ҳаҷми истеҳсоли сабзавот 608148.8 тонна, пиёз 198456.5 тонна, картошка 584707 тонна, полезӣ 171345.7 тонна, ангур 61600.5 тонна, мевагиҳо 182905.4 тонна, аз ҷумла зардолу 89804 тонна ва зироати хӯроки чорво 394824.9 воҳиди хӯрокаро ташкил додааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»