Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд


Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни сафар ба Кӯлоб барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оромгоҳро зиёрат карданд.
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи сафар ба шаҳри Кӯлоб барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон оромгоҳи олими тавоно ва мутаффакири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагони муътабари тоҷик барои шукуфоии мамлакат ва саодати мардуми Тоҷикистон дуову фотеҳаи нек намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»