Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд


30 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаккули фарҳанги муошират дар муҳити муосири таълимӣ» баргузор гардид.
30 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаккули фарҳанги муошират дар муҳити муосири таълимӣ» баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, меҳмонон, устодону кормандон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар оғоз навори видеоӣ дар бораи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, мақоми омӯзгор ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия намоиш дода шуд.
Зикр шуд, ки натиҷа ва тавсияҳои илмию методии конференсия метавонанд барои такмили муносибатҳои педагогӣ, баланд бардоштани фарҳанги муоширати омӯзгорону донишҷӯён ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд. Дар кори ҳамоиш 65 мақолаи илмӣ баррасӣ гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»