Ифтитоҳи Маркази таълимӣ ва забономӯзии Ориё дар ноҳияи Восеъ


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
4 October, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии Ориё оғоз бахшид.
Марказ бо тарҳи муосир бунёд шуда, барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани фанҳои дақиқ шароити муносиб фароҳам меорад. Дар он синфхонаҳои махсуси компютерӣ, химия, биология ва математика ташкил гардида, онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муосири таълимӣ таъмин мебошанд.
Ҳамчунин дар марказ озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ фаъолият мекунад, ки ба хонандагон имкон медиҳад донишҳои назариявии худро дар амал санҷанд. Марказ барои фарогирии 168 нафар дар омӯзиши забонҳо ва фанҳои дақиқ пешбинӣ шудааст ва китобхонаи муосир бо ҳудуди 6 ҳазор китоб низ дорад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти марказ омодасозии довталабон ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ мебошад. Ҳоло дар марказ 10 омӯзгори соҳибтаҷриба фаъолият доранд ва муассиса барои 15 нафар ҷойи кор муҳайё кардааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»