Дар 9 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 109 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият шуруъ намуда, 800 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, корхонаҳои навтаъсис асосан дар соҳаҳои саноат, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва саноати сабук фаъолият доранд ва ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат кардаанд.
Дар моҳҳои январ–сентябри 2026 дар вилоят 4474.3 миллион киловатт-соат неруи барқ ба маблағи 2313.7 миллион сомонӣ истифода шуда, 2405.7 миллион сомонӣ пардохт гардид, ки 104 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра 1351 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 38 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1313 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият карда, номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 271 навъ расонида шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»