Президенти Тоҷикистон дар Хуҷанд ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ суханронӣ карда, мардуми вилояти Суғдро табрик гуфт ва ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла бунёди иншоот, роҳҳо ва рушди иқтисод ишора намуд.
23.09.2026, шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сокинони вилояти Суғд ва ҳозиринро табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ ва иқболи нек орзу намуд. Ӯ гуфт, ки истиқлол ва озодӣ бузургтарин неъмат ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик аст. Ба гуфтаи ӯ, дар 35 соли соҳибистиқлолӣ дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд, корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ анҷом ёфта, танҳо дар панҷ соли охир 15400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд, азнавсозӣ ва ба истифода дода шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»