Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад


Дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо роҳбарияти SK Specialty дар Сеул дурнамои лоиҳаи занҷираи муттаҳидаи арзиши волфрам баррасӣ шуд.
Дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо роҳбарияти ширкати SK Specialty-и Ҷумҳурии Корея дар Сеул дурнамои амалисозии лоиҳаи таъсиси занҷираи муттаҳидаи арзиши волфрам дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Лоиҳа тибқи намунаи «аз истихроҷ то истеҳсол» (Mine-to-Manufacturing) ва бо такя ба захираҳои конҳои кишвар пешбинӣ шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин модели марҳилавии рушди лоиҳаро муҳокима карданд. Тибқи ин модел, таъсиси маркази мутамаркази коркард ва истеҳсол дар асоси яке аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва пайвастани минбаъдаи конҳои иловагии волфрам бо принсипи «hub-and-spoke» дар назар аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»