Ба истифода додани бинои нави Маркази адлия дар ноҳияи Фархор


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар 2026-10-04 Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Маркази адлия бо тарҳи меъмории миллӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав, Маркази адлияи ноҳияи Фархор бо равзанаи ягона пайваст гардид. Марказ дорои китобхона, толори ақди никоҳ, ҳуҷраҳои кории барҳаво ва дигар иншооти ёрирасон аст. Барои бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, идораи нотариалии давлатӣ, Маркази ёрии ҳуқуқӣ ва Нозироти корҳои ислоҳӣ низ шароити корӣ муҳайё шудааст. Дар бинои нав инчунин меҳмонхонаи замонавӣ бо 4 ҳуҷра барои қабули 8 нафар ва бойгонӣ дар таҳхона ҷойгир аст.
Дар китобхона асарҳои Пешвои миллат, осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуданд. Эмомалӣ Раҳмон сифати бино ва шароити фароҳамшударо хуб арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки кормандон бояд барои хизматрасонии саривақтиву босифат, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғиби одобу маърифати оиладорӣ фаъолиятро густариш диҳанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»