То охири соли равон сохтмони як гузаргоҳ (эстакада) ва як пули мошингард дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе оғоз мешавад.
ДУШАНБЕ, 2026-10-14 /АМИТ «Ховар»/ — Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, то охири соли равон сохтмони як гузаргоҳ (эстакада) ва як пули мошингард дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
Дар ин робита миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, консортсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати чинии Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd (HUCG), инчунин Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе қарордод ба имзо расид. Тибқи иттилоъ, ин консортсиум дар озмуни интихоби пудратчии лоиҳа ғолиб дониста шудааст.
Ҳадафи лоиҳа кам кардани садамаҳо, баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин бартараф сохтани танбашавӣ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ҳамшафати он мебошад. Мӯҳлати корҳои сохтмонӣ тибқи қарордод 3 сол аз санаи имзорасонӣ пешбинӣ шудааст. Лоиҳа дар доираи созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки 2025-04-29 ба маблағи 28.4 миллион евро ба имзо расидааст, амалӣ мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»