Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
31 октябр 2026 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии техникии Тамбов конференсияи 15-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
31 октябр 2026 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ҳамкории Донишгоҳи давлатии техникии Тамбов дар мавзуи «Истифодаи усулҳои гармофизикӣ ва воситаҳои ченкунӣ дар назорат ва идоракунии сифати маҳсулот ва раванди истеҳсолот» конференсияи 15-уми байналмилалии илмӣ-амалии мактаби байналмилалии гармофизикон доир гардид.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Наимҷон Ашурзода дар мавзуи «Сатҳи рушди иқтисодии Тоҷикистон вобаста ба рушди энергетика» маъруза карда, робитаи рушди соҳаи энергетикаро бо пешрафти иқтисоди миллӣ таҳлил намуд.
Иштирокдорон масъалаҳои муҳими илмии соҳаи гармофизика, истифодаи технологияҳои муосири ченкунӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати маҳсулот ва самаранокии равандҳои истеҳсолиро баррасӣ карданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»