Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид


14-09-2026 дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо иштироки 5093 довталаб оғоз шуд.
ДУШАНБЕ, 14-09-2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо иштироки 5093 довталаб дар маркази вилоятҳо ва шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Тибқи иттилои нашр, дар даври дуюми озмун дар маҷмӯъ 59889 довталаб иштирок намуда буданд. Аз ҷумла 44378 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 9000 хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, 5520 донишҷӯ, 991 омӯзгор, ходими илмӣ, аспиранту докторант, докторант аз рӯйи ихтисос, докторанти ҳабилитат ва унвонҷӯ, муҳандис, конструктор ва намояндаи касбу кори гуногун.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»