Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд


Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид. Дар он нишондиҳандаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ баррасӣ шуда, протокол ба имзо расид.
Дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва муовини якуми Сарвазири Қазоқистон Нурлибек Налибаев бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ доир гардид.
Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2025 ба 1,2 миллиард доллари амрикоӣ расида, дар 9 моҳи соли 2026 ба 1,13 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 230,9 миллион доллар ё 25,6 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ баррасӣ гардид.
Дар анҷоми ҷаласа Протоколи ҷаласаи 20-ум ба имзо расид. Санад натиҷаҳои музокирот ва вазифаҳои мақомоти марбутаи ду кишварро барои рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ муайян мекунад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»