Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо директори Дафтари Раёсати COP31 масъалаҳои ҳамоҳангсозии омодагӣ ва иштирок дар ҷаласаи 31-уми Конфронси иқлимро баррасӣ намуд.
26 октябри 2026 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Директори Дафтари Раёсати COP31 Меҳмет Алӣ Каҳрамон мулоқот намуд.
Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои амалии марбут ба омодагӣ ва иштирок дар Ҷаласаи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабӣ оид ба тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид (COP31), ки дар шаҳри Анталия баргузор мегардад, табодули афкор карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»