Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд


Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.
Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ таҳти раёсати Ҳоким Холиқзода, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Нурлибек Налибаев, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор шуд.
Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои савдо ва иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт ва логистика, энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»