Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Мутахассисони Вазорати хоҷагии оби Узбекистон ва аъзои Шурои ҳавзавии қисми узбекистонии ҳавзаи дарёи Зарафшон аз Тоҷикистон боздид карда, бо кори Шурои ҳавзавӣ ва таҷрибаи идоракунии ҳамгироёнаи об шинос шуданд.
Душанбе, 2026-10-27 / АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар самти идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мутахассисони Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон ва аъзои Шурои ҳавзавии қисми узбекистонии ҳавзаи дарёи Зарафшон аз ҳисоби занон ба Тоҷикистон омада, бо фаъолияти Шурои ҳавзавӣ шинос ва дар Форуми занони ҳавзаи дарёи Кофарниҳон иштирок намуданд.
Дар доираи мулоқотҳо масъалаҳои истифодаи оқилонаи об, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба ҳалли масъалаҳои соҳавӣ ва тақвияти иштироки занон дар қабули қарорҳо баррасӣ гардиданд. Меҳмонон инчунин аз озмоишгоҳҳо ва иншооти таълимии факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур боздид намуда, бо технологияҳои муосири обёрӣ ва обсарфакунӣ шинос шуданд.
Дар шаҳри Ҳисор меҳмонон Боғи дӯстии Тоҷикистону Узбекистон ва Қалъаи Ҳисорро тамошо намуданд. Ташрифи меҳмонон аз Узбекистон ба густариши робитаҳои касбӣ, табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи идоракунии захираҳои об мусоидат менамояд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»