Талонҳои гузаштани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портал дода мешаванд


Аз 2026-09-15 талонҳо ва варақаҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт танҳо ба шакли электронӣ тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ eKhizmat.tj дода мешаванд.
Душанбе, 2026-09-14 /НИАТ «Ховар»/. Аз 2026-09-15 талонҳо (варақаҳо)-и гузаштани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт ба таври электронӣ ва танҳо тавассути Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ — eKhizmat.tj дода мешаванд.
Тартиби гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт тағйир намеёбад. Муоинаи техникии воситаи нақлиёт минбаъд низ ба таври ҳузурӣ дар нуқтаи ташхисии Бозрасии давлатии автомобилӣ (ГАИ) баргузор мешавад. Тавассути портали ягона танҳо санади ниҳоӣ — талони электронӣ (варақа) — таҳия мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»