Пазируфтани Муҳаммадризо Ориф аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон


19 October 2026 дар Қасри миллат Эмомалӣ Раҳмон Муҳаммадризо Орифро, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ дар Душанбе қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, баррасӣ шуданд. Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти иштироки Ҷумҳурии Исломии Эронро дар фаъолияти ин созмон муҳим арзёбӣ карданд. Ҷонибҳо аз тавсеаи муносибатҳо ва муколамаи пайвастаи сиёсӣ дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат намуданд. Ба рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, дорусозӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок, инчунин васеъ кардани номгӯи молу маҳсулот барои тиҷорати дуҷониба ва рушди истеҳсолоти муштарак таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Тақвияти минбаъдаи ҳамкории фарҳангиву башарӣ муҳим дониста шуд ва дар анҷоми суҳбат мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ низ баррасӣ гардиданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»