Дар Душанбе бо ташаббуси CCAMTAC ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба ташхиси макроиқтисодӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Парлумони Тоҷикистон, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва мақомоти давлатӣ иштирок карданд.
Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон (CCAMTAC) ва дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиш оид ба ташхиси макроиқтисодӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш, ки намояндагони Парлумони Тоҷикистон, Хазинаи Байналмилалии Асъор ва вазорату идораҳои давлатӣ иштирок намуданд, таъкид шуд, ки дар шароити тағйирёбии вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва афзоиши номуайяниҳо таҳлили ҳамаҷонибаи равандҳои макроиқтисодӣ, пешгӯии дақиқ ва сари вақт муайян намудани хавфҳои эҳтимолӣ барои қабули қарорҳои асосноки сиёсати иқтисодӣ аҳаммияти муҳим доранд.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва ҳосилнокӣ, таваррум, сиёсати пулию қарзӣ ва молиявӣ, қарзи давлатӣ, вазъи бахши беруна ва хавфҳои иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Дар доираи ҳамоиш табодули таҷриба ва истифодаи усулҳои муосири таҳлили макроиқтисодӣ дар фаъолияти касбӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»