Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбарияти ширкати олмонии «Textima» мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ гардид.
Душанбе, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов бо роҳбарияти ширкати олмонии «Textima» мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон хабар доданд, вохӯрӣ дар ҳошияи сафари ҳайати бонкҳои Тоҷикистон «Ориёнбонк» ва «Тавҳидбонк» ба Олмон баргузор гардид. Ҷонибҳо рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»