Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
25.09.2026 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоише баргузор шуд, ки ба идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ бахшида шуда буд. Дар чорабинӣ мутахассисон ва тренерҳо аз мақомоти гумруки Туркия ва Узбекистон иштирок карданд.
Ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиш дар Душанбе баргузор гардид ва масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ тавассути истифодаи маълумот, технологияҳои рақамӣ ва усулҳои таҳлилӣ баррасӣ шуданд.
Иштирокдорон маълумоти пешакӣ, маълумоти пешакӣ дар бораи мусофирон, ҳамгироии иттилооти мақомоти давлатӣ, истифодаи AI/ML барои баҳодиҳии таваккал, гузариш ба баҳодиҳии динамикӣ ва аудити баъди барасмиятдарории гумрукиро омӯзиш карданд. Дар анҷом аҳаммияти табодули таҷриба барои таҳкими иқтидори касбии кормандони гумрук ва такмили низоми назорат таъкид гардид.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»