Ифтитоҳи бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғд


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилоятиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои нав 7 ошёна дошта, масоҳати умумии он 3204 метри мураббаъ мебошад ва барои қабулу табобати ҳамзамони 200 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он шуъбаҳои нави тахассусӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон, утоқҳои таълимӣ, толори конференсия ва машғулиятҳои амалӣ ташкил гардидааст.
Тибқи иттилоъ, муассиса бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ таъмин шудааст ва 120 ҷойи корӣ низ таъсис ёфтааст. Дар гузориш таъкид мешавад, ки ин иқдом барои беҳтар шудани хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакону наврасон ва фароҳам шудани шароити мусоид барои корҳои илмӣ ва таълимӣ пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»