Дар вилояти Суғд 135,8 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолият мекунанд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, шумораи соҳибкорон дар 4 соли охир 19 фоиз зиёд шуда, саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар вилоят аз 90 фоиз зиёд аст.
Душанбе, 14.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд 135,8 ҳазор соҳибкорони инфиродӣ фаъолият мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Аз ҷумла, дар вилоят соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи патент фаъолият мебаранд, 23 ҳазору 805 нафар, субъектоне, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият мебаранд, 11 ҳазору 795 нафар, соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият мебаранд, 21 ҳазору 921 нафар, шахсони ҳуқуқӣ 9 ҳазору 989 нафар, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ 50 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 68 ҳазору 297 ададро ташкил медиҳанд. Давоми 4 соли охир теъдоди соҳибкорон 22 ҳазору 22 нафар ё 19 фоиз зиёд гардидааст.
Дар вилояти Суғд саҳми бахши хусусӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, инчунин дар соҳаҳои сохтмон, нақлиёт, савдо ва хизматрасонӣ аз 90 фоиз зиёд мебошад. Дар се соли охир ба иқтисодиёти вилоят сармоягузориҳои хориҷию ватанӣ ба маблағи қариб 4 миллиард доллари амрикоӣ ҷалб карда шуданд, ва дар нимсолаи якуми соли равон 713 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 136,7 фоиз мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»