Дар Ҷамоати деҳоти Исмоилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони МТМУ №52 идома дорад. Бинои дуошёна барои 600 хонанда пешбинӣ шудааст.
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Исмоилии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ медиҳад. Бинои навсоз дуошёна буда, барои 600 хонанда пешбинӣ гардидааст. Ин иншооти муосир бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, фароҳам овардани муҳити мусоиди омӯзиш ва зиёд намудани ҷойи нишасти хонандагон бунёд мегардад. Дар деҳаи Оламтоби Ҷамоати деҳоти Исмоилӣ 170 хоҷагӣ бо зиёда аз 1200 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Дар айни замон дар муассисаи таълимии мазкур 320 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ба сохтмончиён ва масъулони соҳаи маориф супориш дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъёр, сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонида шаванд. Ҳамзамон барои сари вақт сохта, ба истифода додани бино ва бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии таълимӣ муҷаҳҳаз намудани мактаби нав дастурҳои мушаххас дода шуданд, то хонандагон дар шароити муосир ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»