Ба истифода додани коргоҳи нави орди «Ирода Инвест» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшид.
Ба иттилои расмӣ, коргоҳи нав бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз коркард мекунад. Дар он таҷҳизоти пурраи коркарди гандум, анбори ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва анбори маҳсулоти тайёр мавҷуд аст.
Гуфта шуд, ки орд асосан аз гандумҳои навъҳои Хайпро ва Дурум истеҳсол шуда, барои омода кардани хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Бо ба кор даромадани ин коргоҳ 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Ҳамчунин коргоҳи нави механикӣ барои таъмир, нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ бунёд шудааст. Таҷҳизоти насбшуда аз Швейтсария оварда шуда, нисбат ба дастгоҳҳои қаблӣ 20 фоиз камтар неруи барқ сарф мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»