Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
30 сентябр таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, лоиҳаи Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030 баррасӣ гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 баррасӣ шуда, гузориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи барнома баланд бардоштани сатҳи саводнокии экологӣ, ташаккули арзишҳои устувори экологӣ ва малакаҳои рафтори бомасъулияти шаҳрвандон, инчунин ҷалби ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо ба ташаббусҳои экологӣ мебошад. Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барнома ва нақшаи чорабиниҳои он тасдиқ шуда, сохторҳои марбута ҳар сол то 1 март аз натиҷаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Баъдан як қатор лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2029-2030 баррасӣ гардид. Дар анҷом ба вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ доир ба иҷрои саривақтии супоришҳои қаблӣ, омодагӣ ба зимистони солҳои 2026-2027, захираи маводи сухт ва хурокворӣ ва корҳои дигари рӯзмарра вазифаҳо гузошта шуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»