Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд


Аз 29 сентябр то 2 октябри 2026 як ҳайати Тоҷикистон таҷрибаи як ширкати пешбари тухмипарварии Чинро омӯхт ва бо технологияҳои нави пахтакорӣ шинос шуд.
ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 сентябр то 2 октябри 2026 мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти ширкати пешбари инноватсионии тухмипарварии Чин — Xinjiang Jinghua Seed Industry Co., Ltd. (дар ҳайати корпоратсияи Longping High-tech) шинос шуданд.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи пахта ва нассоҷии Тоҷикистон, дар ҳайат намояндагони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва роҳбарони корхонаҳои пешбари бахши хусусии вилояти Суғд шомил буданд. Ҳайат аз пойгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, озмоишгоҳҳои селексионӣ ва генетикаи молекулавӣ, инчунин майдонҳои намоишӣ дидан карда, бо пахтакорони чинӣ мулоқот намуд.
Ҷониби Чин дастовардҳои охирини худро дар биотехнология ва парвариши навъҳои сермаҳсули пахта муаррифӣ кард. Дар мулоқотҳо масъалаҳои тухмии босифат, интиқоли технология, озмоишҳои муштараки саҳроӣ ва барномаҳои табодули таҷриба баррасӣ шуданд. Аз натиҷаи сафар мувофиқаҳои пешакӣ оид ба нақшаи роҳи ҳамкорӣ ҳосил гардид.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»