Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
25-09-2026 дар Душанбе, дар ҳошияи ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё, роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Давлати Қатар вохӯрӣ анҷом доданд.
25-09-2026 дар шаҳри Душанбе, дар доираи ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Қатарро баррасӣ карданд. Нақши муҳими дипломатияи парламентӣ, табодули таҷриба, вохӯриҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид шуд.
Ҳамчунин ба рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ ишора гардид. Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни парлумонҳои ду кишвар изҳор карданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»