Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии паҳлӯии «Тақвияти оила ва устувории демографӣ» дар Женева иштирок кард


17 сентябр дар Дафтари СММ дар Женева чорабинии паҳлӯӣ дар ҳошияи иҷлосияи 63-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бо ибтикори Намояндагии доимии Тоҷикистон ва Family Watch International баргузор шуд.
17 сентябр дар Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Женева дар доираи кори иҷлосияи 63-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ чорабинии паҳлӯӣ таҳти унвони «Тақвияти оила ва устувории демографӣ: тасдиқи умумиҷаҳонӣ ва вобастагии мутақобилаи ҳуқуқи инсон дар давраи тағйироти демографӣ» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ғайриҳукуматии Family Watch International доир шуд ва онро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон назди Дафтари СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ифтитоҳ намуд. Ӯ таъкид кард, ки ниҳоди оила дар ҷомеа ва давлат мақоми хос дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»