Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро дар чанд ноҳия ба истифода дод


11 сентябри 2026 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикиобод ба таври маҷозӣ ба истифода дод ва бо лоиҳаи роҳи «Лабиҷар – Сангвор» шинос шуд.
11 сентябри 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ 15 иншоотро дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикиобод ба истифода дод ва ҳамзамон бо лоиҳаи роҳи автомобилгарди «Лабиҷар – Сангвор» шинос гардид.
Дар деҳаи Казноқи ноҳияи Рашт бинои ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум ва осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба истифода дода шуданд. Дар шаҳраки Ғарм ҳамчунин биноҳои шуъбаи маориф, шуъбаи ҳифз дар минтақаи Рашт ва Қасри ҷавонон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»