Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 140 ҳазор гектар замин ба аҳолии кишвар ҷудо шудааст.
ДУШАНБЕ, 2026-09-15 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ изҳор намуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба аҳолии мамлакат 140 ҳазор гектар замин ҷудо карда шудааст, аз ҷумла 75 ҳазор гектари он дар солҳои 1995-1997, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъруфанд. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ин иқдом дар солҳои душвори гузариш дар рафъи хатари гуруснагӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо озуқаворӣ, ташаккули хоҷагидорони мустақил, беҳтар гардидани шароити зиндагӣ ва соҳиби манзил шудани миллионҳо нафар нақши муҳим бозидааст. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчунин ислоҳоти куллӣ барои истифодаи самараноки обу замин ва таҳкими амнияти озуқаворӣ амалӣ гардида, истифодаи замин ба соҳиби аслии он — деҳқон вогузор шудааст. Тибқи хабар, аз солҳои 1992-1998 Ҳукумати мамлакат барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд. Баъдан 75 ҳазор гектар қитъаи замин ҳамчун хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон ҷудо гардида, ҳоло сокинон онро барои кишти зироатҳои гуногун истифода мебаранд. Қитъаҳо тибқи тартиб дар заминҳои обёришаванда то 0,15 гектар ва дар заминҳои лалмӣ то 0,50 гектар тақсим шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»