ИқтисодМанбаи тоҷикӣ
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид


14 сентябри 2026 дар вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ғазӣ Шбайкат, намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон, масъалаҳои таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва автоматикунонии ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба истифодаи технологияҳои муосир, такмили усулҳои ҳисобкунӣ ва беҳтар намудани паҳн ва дастрасии маълумоти оморӣ мубодилаи афкор намуданд. Гуфта мешавад, ки вохӯрӣ ба масъалаҳои марбут ба рушди корҳои оморӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди маълумоттаҳия нигаронда шуда буд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»