Пешвои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии «Пайванди Рашт» боздид кард


Президент Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт аз боғи интенсивии «Пайванди Рашт» боздид намуд. Гуфта шуд, ки боғ дар 10 гектар бунёд шуда, обёрии он пурра бо низоми қатрагӣ анҷом меёбад.
ДУШАНБЕ, 11.09.2026 /НИАТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии «Пайванди Рашт» боздид кард.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 10 гектар бунёд шудааст ва обёрии он пурра тавассути низоми қатрагӣ анҷом меёбад. Дар боғ 18 навъи дарахтони мевадиҳанда парвариш карда мешавад, аз ҷумла 8 навъи себ, 6 навъи нок, 2 навъи олу ва 2 навъи зардолу.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»