Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандонро аз тағйироти нави қонунгузорӣ огоҳ кардааст. Тибқи қоидаҳои нав, доштани доғи судии бардоштанашуда ё барҳамнахӯрда барои баъзе ҷиноятҳо метавонад барои гирифтани патент монеа шавад.
ДУШАНБЕ, 2026-10-23 / АМИТ «Ховар». Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират шаҳрвандонро аз тағйироти нави қонунгузории ин давлат огоҳ менамояд.
Тибқи талаботи нав, ба шаҳрвандони хориҷие, ки доғи судии бардоштанашуда ё барҳамнахӯрда доранд, патент дода намешавад. Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар мавҷудияти доғи судӣ ва мақоми ҳуқуқии онро муайян намуда, дар ҳолати зарурӣ мутобиқати онро ба талаботи қонунгузории Русия барои гирифтани патент санҷанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»