Президенти Тоҷикистон бо фармон Лола ва Сиёҳгӯшро ҳамчун гулҳои миллӣ эълон кард. Дар шарҳи расмӣ гуфта мешавад, ки ин гулҳо ҷузъи мероси фарҳангӣ ва рамзи пайванди тоҷикон бо табиат мебошанд.
Бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи табиати кишвар ва боло бурдани фарҳанги экологии мардум, гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун гулҳои миллӣ эълон шуданд.
Дар шарҳи нашршуда таъкид мегардад, ки ин иқдом дар идомаи сиёсати ҳувиятсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии тоҷикон ва муаррифии суннатҳои куҳан дар замони муосир анҷом шудааст. Ин ду гул махсусан бо ҷашни Наврӯз ва фасли баҳор пайванди зич доранд.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки ин қарор барои омӯзиши илмии навъҳои гуногуни гулҳо ва пешгирӣ аз нобудшавии набототи нодир замина фароҳам меорад ва ба таҳкими ҳувияти миллӣ ва фарҳанги ҳифзи табиат, бахусус дар байни ҷавонон, мусоидат мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»