Дар шаҳри Алматои Қазоқистон ҳамоиши CARINFONET бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баргузор шуда, платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон — tandurusti.tj — муаррифӣ гардид.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши CARINFONET дар шаҳри Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон — tandurusti.tj — муаррифӣ шуд.
Ҳамчунин имконият ва таҷрибаи Тоҷикистон дар ташаккули низоми ягонаи иттилоотии тандурустӣ пешниҳод гардид. Ҳадафи ҳамоиш табодули таҷриба, рушди идоракунии маълумоти тандурустӣ, таҳлили рақамӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар қабули қарорҳои идоракунӣ гуфта шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»