Пахтакорони Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон тибқи нақша соли равон 3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мекунанд ва то имрӯз 650 тоннаи он ба корхонаҳои коркарди ноҳия супорида шудааст.
Пахтакорони Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон тибқи нақша соли равон 3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мекунанд ва то имрӯз 650 тоннаи он ба корхонаҳои коркарди ноҳия супорида шудааст.
Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ Мансур Насруллоев гуфт, дар ҳудуди ҷамоат 1700 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, 243 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Кишоварзон замини дар ихтиёрдоштаи худро самаранок истифода бурда, вобаста ба иқлими ноҳия ба парвариши зироатҳои гуногуни кишоварзӣ машғул мебошанд.
Дар ноҳияи Хуросон хоҷагии деҳқонии «Бобои Хидир» фаъолият мекунад. Аз 40 гектар замини хоҷагӣ дар 33 гектар пунбадона ба тариқи плёнка ва анъанавӣ кишт шудааст ва ҳоло ҷамъоварии пахта идома дорад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»