«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид


Дар шаҳри Душанбе ҷашни бостонии Меҳргон бо иштироки мақомот ва намоиши анъанаҳои кишоварзӣ таҷлил шуд.
Дар шаҳри Душанбе Иди Меҳргон, яке аз ҷашнҳои бостонии миллӣ ва фарҳангии тоҷикон, бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Ба гуфтаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Меҳргон ҷашни ҷамъоварии ҳосил, омодагӣ ба кишти оянда ва арҷгузорӣ ба нақши деҳқонон дар амнияти озуқаворист.
Дар чорабиние, ки имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор шуд, дастовардҳои кишоварзии ватанӣ, маҳсулоти тоза ва солим, инчунин анъанаҳои арзишманди деҳқонон рӯнамоӣ гардиданд. Дар Тоҷикистон Меҳргон ҳамасола баъд аз Наврӯз ҳамчун дуюмин ҷашни бузурги миллӣ таҷлил мешавад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»