Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ мекунад


17-18 September 2026 дар шаҳри Москва Конфронси байналмилалии «Таҷрибаҳои беҳтарини истифодаи захираҳои зеризаминӣ: ҳолати заминаи захиравӣ, иқтидори рушд ва самаранокии истифода» баргузор мешавад. Намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар он иштирок мекунанд.
17-18 September 2026 дар шаҳри Москва Конфронси байналмилалии «Таҷрибаҳои беҳтарини истифодаи захираҳои зеризаминӣ: ҳолати заминаи захиравӣ, иқтидори рушд ва самаранокии истифода» баргузор мешавад. Дар кори конфронс намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иштирок намуда, таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералии мамлакатро муаррифӣ мекунанд.
Тавре аз Саридора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, конфронс бо ибтикори Созмони ҳамкории Шанхай ва Шурои олии кӯҳкории Ассотсиатсияи «Кӯҳканони Русия» баргузор мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»