Муаррифии лоиҳаҳои шабакаҳои донишкадаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон


27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ бо лоиҳаи бунёди муассисаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуда, ба сохтмони онҳо санги асос гузошт.
Тибқи иттилоъ, бинои таълимӣ дар Хоруғ 7 ошёна дошта, барои 2500 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Сохтмони он то соли 2030 анҷом ёфта, ба истифода дода мешавад.
Дар лоиҳа 48 синфхона, 4 синфхонаи калонҳаҷми маърузавӣ, 4 лабораторияи компютерӣ ва 10 лабораторияи соҳавӣ, аз ҷумла барои сайёҳӣ, меҳмондорӣ, иқтисоди минтақаҳои кӯҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисоди сабз ва рушди устувор, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин ду маркази омӯзиши забонҳо, толори маърузавӣ барои 1000 ҷой, толори конфронсӣ ва иншооти иҷтимоию варзишӣ бунёд мешавад.
Президенти Тоҷикистон инчунин таъкид кард, ки дар муассисаи нав Маркази илмӣ-таҳқиқотии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ таъсис дода шавад. Фаъолияти он ба омӯзиши иқтисоди кӯҳӣ, тағйирёбии иқлим, захираҳои обӣ ва табиӣ, иқтисоди сабз, сайёҳии устувор ва технологияҳои рақамӣ равона хоҳад шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»