Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар 20 соли охир барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2.1 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Душанбе, 2026-09-15 /АМИТ «Ховар»/. Дар 20 соли охир барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2.1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Дар ин хусус зимни суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таъкид гардид. Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 360 бинои муассисаи таълимӣ бо 37 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Ҳоло сохтмони боз 26 бинои муассисаи таълимӣ барои 4500 нафар хонанда идома дорад. Ҳамчунин, дар солҳои 1998-2026, аз оғози таъсиси квотаи президентӣ то имрӯз, 3100 ҷавони ин ноҳияҳо, аз ҷумла 1900 духтар, бо истифода аз ин имтиёз ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ қабул шудаанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»