Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар қабул шуданд


Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои тақсимоти асосии довталабони даври сеюми ИМД дар соли 2026-ро эълон кард. Ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон 16 362 нафар дохил шуданд.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонеро, ки дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 иштирок кардаанд, эълон намуд. Тибқи ин натиҷаҳо, 16 362 довталаб ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон дохил шуданд, аз ҷумла 11 488 хатмкардаи синфи 11 ва 4 874 хатмкардаи синфи 9.
Тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонсупорӣ аз 6 то 9 октябри 2026 баргузор гардид ва дар он танҳо шахсоне иштирок менамоянд, ки дар давраи сеюм холҳои гузаришро ба даст овардаанд. Натиҷаи тақсимоти такрорӣ 11 октябри 2026 маълум хоҳад шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»