Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён


Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои ИДМ дар минтақаи Авазаи Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон суҳбат намуд. Дар мулоқот масъалаҳои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар минтақаи Авазаи Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд.
Сарвари давлати Тоҷикистон пеш аз ҳама аз ҳузури Президенти кишвари дӯсту бародар дар ин нишаст ҳамчун меҳмони фахрӣ истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат як зумра масоили вобаста ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва роҳҳои минбаъдаи таҳким ва густариши онҳо баррасӣ шуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»