Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд


24 сентябри 2026 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Ню-Йорк бо ҳамтоёни худ аз Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкорӣ ва муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд.
ДУШАНБЕ, 2026-09-26 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябри 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Ҷумҳурии Габон, Кипр ва Ҷумҳурии Сингапур мулоқот намуд.
Зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Бадр ибни Ҳамад Ал Бусаидӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, саноат, алоқаи ҳавоӣ ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди назар қарор гирифт.
Дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Габон Мари-Эдит Тассила-Йе-Думбененӣ ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баён намуданд. Дар фарҷом вазирон Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Габонро имзо намуданд. Бо вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сингапур Вивиан Балакришнан низ масъалаҳои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои об, рақамикунонӣ, молия ва рушди неруи инсонӣ баррасӣ гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»