Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Урумчӣ намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мақомоти дахлдори ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва нақлиётро баррасӣ карданд.
24 сентябр дар шаҳри Урумчии Чин намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти мақомоти дахлдори ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа ба диверсификатсияи савдои мутақобил, зиёд кардани номгӯи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба бозори Чин, рушди ҳамкории соҳавӣ ва инчунин масъалаҳои марбут ба талаботи санитарию фитосанитарӣ, стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ҷонибҳо роҳҳои бартараф кардани омилҳои боздорандаи рушди минбаъдаи савдои мутақобилро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ, таъсис ва навсозии марказҳои нақлиётию логистикӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли бор ва таҳкими пайвастагии нақлиётӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар иқтисоди «сабз» ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия баён намуданд. Дар анҷом самтҳои афзалиятнок муайян шуда, рӯзномаи ҷаласаи навбатии Зеркомиссияи Тоҷикистон ва ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ташаккул дода шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»