ҶомеаМанбаи тоҷикӣ
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланчжоу ёддошти тафоҳум имзо карданд


Ҳайати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректор Даврон Сафарзода ва роҳбарияти Донишгоҳи технологии Ланчжоу 21 сентябр дар Ланчжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ имзо карданд.
Тибқи маълумоти Академия, ин санад барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои таҳсилот, таҳқиқоти илмӣ, табодули академӣ ва робитаҳои байналмилалӣ замина мегузорад.
Дар Академия гуфтанд, ки ёддошти тафоҳум имкони густариши робитаҳои илмӣ ва таълимӣ миёни ду муассисаро фароҳам меорад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»