Баррасии таъсиси Институти Конфутсий назди Донишгоҳи давлатии Данғара


Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи омӯзгории Шэнянги Чин масъалаи таъсиси Институти Конфутсий ва тадбирҳои зарурии фаъолияти онро баррасӣ карданд.
Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи омӯзгории Шэнянги Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаи таъсиси муассисаи давлатии таълимии «Институти Конфутсий» назди Донишгоҳи давлатии Данғараро баррасӣ карданд. Ҳамчунин тадбирҳои зарурӣ барои ташкили фаъолияти он муҳокима шуданд.
Ба иттилои донишгоҳ, таъсиси ин институт метавонад имкониятҳои таълимиро густариш диҳад, барои омода кардани мутахассисони рақобатпазир мусоидат кунад ва дӯстии байни мардуми Тоҷикистон ва Чинро таҳким бахшад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»