Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамоиш оид ба «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» баргузор шуд


Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони агентӣ ҳамоиш дар мавзуи амнияти иттилоотӣ баргузор гардид.
Дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони агентӣ ҳамоиш дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» баргузор шуд. Дар чорабинӣ таъкид гардид, ки дар асри 21 технологияҳои иттилоотӣ ба қисми ҷудонопазири фаъолияти инсон табдил ёфтаанд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки соҳаҳои авиатсия, маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, низоми бонкӣ, идоракунии давлатӣ ва робитаи иҷтимоӣ ба низомҳои иттилоотӣ мустақиман вобастаанд. Бо рушди босуръати технологияҳо, аз ҷумла интернет, шабакаҳои компютерӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ, масъалаи амнияти иттилоотӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»