Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо — Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад


Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии Душанбе Ҷашни Меҳргон ва чанд фестивали кишоварзӣ баргузор мешавад.
Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Ҷашни Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивали «Оши палов», инчунин намоишу фурӯши шолӣ ва биринҷ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз Иди тарбуз, харбуза, каду, себ ва ангур низ доир мешавад.
Кишоварзони мамлакат дар ин ҷашнгоҳ бо манора ва ороиши махсус навъҳои гуногуни зироат, меваву сабзавот ва маҳсулоти полезиро, аз қабили харбузаву тарбуз, ангур, хурмою анор ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод мекунанд. Ин барнома бори дигар сарзамини биҳиштӣ будани Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»