Баррасии татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд


Дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон бо роҳбари нави Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд масъалаҳои ҳамкории минбаъда, аз ҷумла энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва муассисаҳои таълимиро баррасӣ кард.
22 сентябри 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари навтаъйини Дафтари минтақавии Бонки исломии рушд Ҳаммад Зафар Ҳундал баргузор шуд.
Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории ояндаро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика бо назардошти нақши калидии Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди энергияи «сабз» дар минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётию пайвастагии минтақавӣ ва бунёду навсозии муассисаҳои соҳаи маориф.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»