14-09-2026 — Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати давраи сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар ИМД 2026 то 15 сентябр 2026 тамдид намуд.
14-09-2026 — Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати давраи сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) 2026 то 15 сентябр 2026 тамдид намуд. Дар ин бора Марказ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тамдиди муҳлат ба сабаби зиёд будани шумораи хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷорӣ шудааст. Реҷаи кори нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар шудааст. Барои давраи сеюми имтиҳонҳо дар баъзе муассисаҳои таълимӣ ҷойҳои иловагии холӣ эълон гардида, рӯйхати онҳо дар сомонаи Марказ ҷойгир шудааст.
Маълумоти муфассал дар бораи масъалаҳои марбут ба давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 аз сомонаи Марказ ё тавассути телефонҳои 224-53-68 ва 224-53-73 дастрас аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»